лавҳа — [لوحه] а 1. тахтача ё коғази сахте, ки дар он ном ва вазифаи шахсе, унвони ягон идора, тартиби кори шахсе ё идорае навишта, бар сари дар ё пештоқи бино овехта мешавад, овезаҳои пушти дар, овеза; лавҳаи эълонҳо тахтаи паҳну васее, ки дар он эълон … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
баранда — I [برنده] 1. сифати феълии замони ҳозира аз бурдан; он ки чизеро аз ҷое ба ҷое мебарад 2. он ки маҳфиле ё маҷлисеро идора мекунад; барандаи консерт ҳунарпешае, ки дар консертҳо баромади ҳунарпешаҳоро эълон мекунад 3. варз. он ки дар мусобиқаҳо,… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бозсозӣ — [بازسازي] 1. навсозӣ, дигаргунсозӣ, ислоҳот 2. таър. ислоҳоти куллӣ ва ҳамаҷонибаи ҷамъияти шӯравӣ, ки ҳукумати шӯравии собиқ соли 1985 эълон намуда буд … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
вазъият — [وضعيت] а 1. ҳолат, аҳвол, шароит: вазъияти кор, вазъияти ҳозираи касе; дар вазъияте, ки… ба тарзе ки…, дар ҳолате ки…, дар вазъияти ноқулай (ноҳинҷор, бад) мондан ба ҳолати нобоб дучор шудан 2. маҷмӯи муносибатҳои ҷамъиятию сиёсӣ: вазъияти… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гуруснагӣ — [گرسنگي] 1. гурусна будан, холӣ ва ба хӯрдан ниҳоят толиб будани меъда, гушнагӣ, ҷӯъ, муқоб. серӣ 2. мӯҳтоҷӣ ба хӯрок; қашшоқӣ, бенавоӣ; гуруснагӣ кашидан дар мӯҳтоҷӣ ба ғизо умр ба сар бурдан, гушнагиро аз сар гузарондан; гуруснагӣ эълон кардан… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гуруснанишинӣ — [گرسنه نشيني] аз хӯрок рӯ гардондан ба аломати эътироз, эътисоби ғизо; гуруснанишинӣ кардан гуруснанишинӣ эълон кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
занталоқӣ — [زن طلاقي] занталоқ кардан, аз зан ҷудо шудан; аз занталоқӣ қасам хӯрдан дар сурати шикастани қасам зани худро талоқшуда эълон кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ид — [عيد] а 1. ҷашн, рӯзи ҷашн, рӯзи хурсандӣ ва тантана ба муносибати ягон ҳодисаи мубораки таърихӣ ё миллӣ 2. умуман шодӣ ва хурсандӣ; иди Истиқлол ҷашне, ки ба муносибати соҳибихтиёр эълон шудани кишвар гирифта мешавад; иди Зафар ниг. иди Ғалаба;… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
комендантӣ — [کامندنتي] :вақти комендантӣ соатҳои махсусан қайдшуда, ки дар он вақт рафтуомад дар шаҳре мамнӯъ аст (ҳангоми вазъияти фавқулода ё ҳолати ҳарбӣ эълон кардан), қуюди шабгардӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
корпартоӣ — [کارپرتائي] с. ба таври оммавӣ аз кор даст кашидани коргарон бо мақсади ба корфармо пеш гузоштани ягон талаб, эътисоб: корпартоӣ кардан, корпартоӣ эълон кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ